Ҷумъа 10 Шаввол 1445 - 19 Апрел 2024
Тоҷикӣ

Барои омӯхтани мазҳаби ҳанафӣ хондани кадом китобҳоро тавсия медиҳед?

230252

Таърихи нашр : 09-05-2022

Мушоҳидаҳо : 1093

Савол

Оё китоби “Фатовои оламгирия”-и Аврангзеби Оламгир дар фиқҳи ҳанафӣ китоби муносиб аст? Ва боз кадом китобҳои мӯътамад вуҷуд доранд, ки метавон аз он мазҳаби ҳанафиро омӯхт?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аввал:

Китоби “Фатовои оламгирӣ” дар кишварҳои арабӣ бо номи “Ал-Фатово-л-ҳиндия” маъруф аст.

Ин китобест, ки онро гурӯҳе аз донишмандони диёри Ҳинд бо фармони султони Ҳинд, ки бо номи "Оламгир" машҳур аст, таълиф кардаанд. Бахше аз тарҷумаи ҳоли ӯ дар фатвои рақами (174824) зикр шудааст.

Ин китоб, китоби фатво набуда, балки китоби фиқҳӣ аст, ки бар асоси бобҳои фиқҳӣ тартибгузорӣ шудааст. Аз он сабаб “Фатово” номида шудааст, ки муаллифони он ба ҳамон ривоятҳое иктифо кардаанд, ки фатво бар ҳамон асту, дар мазҳаби ҳанафӣ саҳеҳтарин дидгоҳ ҳисобида шудааст.

Дар муқаддимаи китоб чунин омадааст:

Бештар ба зоҳири ривоёт иктифо кардаанд ва ба наводир ва маъонӣ хеле кам таваҷҷӯҳ накардаанд. Ин ҳам дар ҳолатҳое, ки агар ҷавоби масъаларо аз зоҳири ривоёт пайдо накунанд ва ё ҷавоби наводирро бо аломати фатво пайдо намоянд ... Агар дар масъалае ду паҳлӯи гуногун бошад, ки дар ҳар яки он аломати фатво ва нишонаи саҳеҳтар будан дида шавад ва ё дар яке аз он нишонае, ки бо он қуввати далел дониста мешавад, дида нашавад, онро дар ин китоб сабт кардаанд".

Поёни сухан аз китоби "Ал-Фатово-л-ҳиндия" (1/3).

Китоби мазкур бо он ки арзиши илмӣ дорад, ба касе ки омӯзиши фиқҳро нав оғоз мекунад, тавсия дода намешавад, зеро он дароз буда, аз шаш ҷилд иборат аст. Бояд толибилми навоғоз дар кадом илме, ки бошад, аз китоби хурдҳаҷм (мухтасар) оғоз кунад, то муҳимтарин масъалаҳоро ба осонӣ азхуд намояд ва ҳиммату ғайраташ коста шуда, ба хастагӣ дучор нагардад. Чунки услуби зина ба зинаро ба кор бурдан дар талаби илм аз муҳимтарин одобест, ки бояд риоя карда шавад

Боз аз он сабаб аст, ки пирони мазҳаб ин китобро ҳамчун сарчашма истифода бурдаанд ва онро дар маҷоли тадрису омӯзиши илмӣ барои донишомӯзон ба кор наандохтаанд, хусусан, дар оғози талаби илм.

Дуввум:

Китобҳои фиқҳие, ки дар мазҳаби ҳанафӣ мавриди эътимод қарор гирифтаанд, чаҳортоанд:

Китоби аввал: "Маҷмаъу-л-баҳрайни ва мултақо-н-наҳрайн”-и Музаффаруддин Аҳмад ибни Алӣ, маъруф бо номи Ибну-с-соъотӣ (раҳмати Аллоҳ таъоло бар ӯ бод).

Китоби дуввум: "Канзу-д-дақоиқ"-и Имом Абу-л-баракот Абдуллоҳ ибни Аҳмади Насафӣ (раҳмати Аллоҳ таъоло бар ӯ бод).

Китоби саввум: "Виқояту-р-ривояти фӣ масоили-л-ҳидоя"-и Имом Тоҷу-ш-шариъа Ал-Маҳбубӣ (раҳмати Аллоҳ таъоло бар ӯ бод).

Китоби чаҳорум: "Ал-Мухтору лил-фатво”-и Абу-л-фазл Абдуллоҳ ибни Маҳмуд ибни Мавдуди Мавсилӣ (раҳмати Аллоҳ таъоло бар ӯ бод).

Ба ин китобҳои чаҳоргона, боз як китоби муҳимми дигаре бо номи "Мухтасару-л-қудурӣ" илова мешавад

Шайх Маҳмуд ибни Ҳамза (раҳмати Аллоҳ таъоло бар ӯ бод) гуфтааст:

"Назди мо чор матн вуҷуд дорад, ки онро дар байти зерин чунин ҷой додаам:

Матнҳои фиқҳӣ назди мо чаҳортои хурданд,

Виқояву Маҷмаъу Канзу Мухторанд.

Аммо "Мухтасари Қадурӣ" бошад, болои ин матнҳо қарор дорад, зеро он китоби мутааххирон аст".

Поёни сухан аз китоби "Аттариқату-л-возеҳа" (саҳ 248).

Имом Лакнавӣ (раҳмати Аллоҳ таъоло бар ӯ бод) гуфтааст: "Олимони мутааххирин бештар ба ин чаҳор китоб эътимод кардаанд ва онҳоро матнҳои чаҳоргона номидаанд: Ал-Мухтор, Ал-Канз, Ал-Виқоя ва Маҷмаъу-л-баҳрайн. Бархе аз онон ба се китоб эътимод кардаанд: Ал-Виқоя, Ал-Канз ва Мухтасару-л-қудурӣ". Поёни сухан аз китоби "Ал-Фавоиду-л-баҳия" (саҳ 106-107).

Чизе, ки мо ба шумо тавсия медиҳем, ин аст, ки бояд омӯзиши худро аз якеи ин ду матнҳо оғоз намоед

Матни аввал "Мухтасару-л-қудурӣ" бо шарҳаш "Аллубоб фӣ шарҳи-л-китоб”-и Шайх Абдулғанӣ Ал-Ғунаймии Ал-Майдонӣ.

Матни дуввуме, ки онро тавсия медиҳем, матни "Ал-Мухтору лилфатво"–и Мавсилӣ ва шарҳи худи муаллиф ба он, бо номи "Ал-Ихтиёру литаълили-л-мухтор". 

Зеро ин ду китоб дорои хусусиятҳои зерин мебошанд

1. Мӯҳтавояшон калону бузург нестанд, ки хонандаро ба малол оваранд ва на ба ҳадде хурду кӯчаканд, ки ба маъно халал ворид кунанд

2. Ибораҳояшон осонфаҳму ҳифзашон саҳл аст.

3. Ин ду китоб аз ҷиҳати шарҳу баррасӣ бештар мавриди таваҷҷуҳи олимон қарор гирифтаанд. Илова бар ин, ин ду китоб дар бархе аз донишгоҳу донишкадаҳои исломӣ ҳамчу дастури таълимӣ ба кор мераванд.

     Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Сомонаи Ислом савол ва ҷавоб