Панҷшанбе 9 Шаввол 1445 - 18 Апрел 2024
Тоҷикӣ

Ҳукми хӯрдани гӯшти товус

22866

Таърихи нашр : 10-11-2020

Мушоҳидаҳо : 1907

Савол

Оё хӯрдани гӯшти товус, агар тибқи шариати Ислом забҳ шавад, ҷоиз аст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Хӯрдани гӯшти товус ҷоиз аст, зеро асос ҳалол будани он мебошад.

Аллоҳ таъоло фармудааст:

هُوَ الَّذِي خَلَقَ لَكُمْ مَا فِي الأَرْضِ جَمِيعاً   البقرة/29

{Ӯст, ки ҳамаи чизҳоеро, ки дар замин аст, бароятон офарид}.   (Сураи Бақара: 29).

Ва инчунин товус таҳти боби манъшуда дар ҳадиси зерин қарор намегирад:

"Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) аз хӯрдани гӯшти ҳар ҳайвоноти даррандаи нешдор (дандони шикоридор) ва паррандагони чанголдор манъ кард".   Ривояти Муслим (3574).

Гӯшти товус ягон зараре надорад, аз ин хотир, хӯрдани он ҷоиз мебошад.

         Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Шайх, доктор / Холид Ал-Мушайқиҳ