Шанбе 11 Шаввол 1445 - 20 Апрел 2024
Тоҷикӣ

Ҳукми хӯрдани гӯшти санҷоб

175167

Таърихи нашр : 14-12-2020

Мушоҳидаҳо : 1624

Савол

Оё хӯрдани гӯшти санҷоб барои муолиҷаи бемориҳои астма ва нафастангӣ ҷоиз аст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Донишмандон (раҳмати Аллоҳ бар онон бод) дар ҳукми хӯрдани гӯшти санҷоб ихтилоф кардаанд. Баъзеашон хӯрдани онро иҷозат додаанд. Баъзеи дигарашон хӯрдани онро манъ намудаанд. Дидгоҳи саҳеҳ ин аст, ки хӯрдани он ҷоиз мебошад, боз Аллоҳ донотар аст. Зеро асос дар гӯшти ҳайвонот ҳалол будани онҳо мебошад. Гӯшти ягон ҳайвон ҳаром намебошад, модоме ки шариат онро ҳаром накарда бошад. Инчунин санҷоб аз ҷумлаи ҳайвоноте, ки бо дандонҳои шикориаш сайд мекунад, намебошад.

Ибни Мунзир (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:

Дар мавриди санҷоб баъзе аз асҳобамон гуфтаанд: Мегӯянд, ки он дарранда нест, балки растаниҳоро мехӯрад ва шикор намекунад. Харгӯш ҳам ҳамин тавр мебошад. Бинобар ин хӯрдани гӯшти санҷобу харгӯш ва истифода бурдани пӯстҳои онҳо ҳеҷ боке надорад. Мо аз Ибни Муборак ривоят кардем, ки ӯ дар бораи санҷоб пурсида шуд. Дар ҷавоб гуфт: Шикорчӣ ба ман хабар дод, ки ӯ санҷобро шикор мекунад.

Абубакр гуфт: Аз ин сухани Ибни Муборак ягон фоидае нест, зеро шахсияти касе ки ба ӯ ин суханро хабар додааст, маълум нест. Бо вуҷуди ин, мумкин аст ки шикорчиён ҳайвонотеро, ки хӯрдани гӯшти онон ҷоиз аст ва инчунин ҳайвонотеро, ки хӯрдани гӯшти онон ҷоиз нест, шикор кунанд. Ман фикр мекунам, ки хӯрдани он ҷоиз аст, агар забҳ карда шавад, зеро санҷоб дар маҷмӯи чизҳое, ки одамон аз он афв карда шудаанд, дохил аст, то он даме ки ҳаром будани он маълум нагардад. Аллоҳ донотар аст.   Поёни сухан аз китоби "Ал-Авсат" (2/316).

Нававӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:

"Дар мавриди самур (1), санҷоб (2), фанак (3), қоқум (4) ва мурғи саққо (5) ду дидгоҳ вуҷуд дорад. Дидгоҳи сеҳеҳ ин аст, ки онҳо ҳалол мебошанд. Дидгоҳи дуввум ин аст, ки онҳо ҳаром мебошанд. Аллоҳ таъоло донотар аст".   Поёни сухан аз китоби "Ал-Маҷмуъ шарҳу-л-муҳаззаб" (9/12).

Ибни Қудома (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:

"Дар мавриди санҷоб Қозӣ чунин мегӯяд: Он ҳаром мебошад, зеро бо дандонҳои шикориаш мегазад ва ба калламуш монанд аст. Мумкин аст, ки гӯшти санҷоб раво бошад, зеро ба тавушқон (6) шабоҳат дорад. Ҳар гоҳ байни мубоҳ ва ҳаром будани гӯшти ҳайвон шубҳае бошад, мубоҳ будани он бартарӣ дорад, зеро ин асос аст (яъне асос дар гӯшти ҳайвонот ҳалол будани онҳо мебошад) ва умуми матнҳо бар он далолат мекунад".   Поёни сухан аз китоби "Ал-Муғнӣ" (9/329).

Бар асоси ин, хӯрдани гӯшти санҷоб ҷоиз аст, хусусан агар он барои ҳоҷат, яъне барои табобат ва амсоли он бошад. Аммо хӯрдани гӯшти санҷоб танҳо ба хотири майлу рағбат, дурӣ ҷустан беҳтар аст, зеро дар ин масъала ихтилоф вуҷуд дорад.

         Аллоҳ донотар аст.

__________________________________________________

(1). Самур аз хояндаҳои хурд мебошад. Тухму меваҳои дарахтро мехӯрад. Самур асосан дар байни решаи дарахтҳо, нишебиҳои санглохи кӯҳҳо, ковокиҳои дарахтони афтода ва ғайра зиндагонӣ мекунад. Рангаш қаҳваранг мебошад. Бештар дар бешазори дарахтҳои сӯзанбарги Русия, шарқи Қазоқистон, шимоли Муғулистон, Чин, Кореяи Шимолӣ, Кореяи Ҷанубӣ ва ҷазираи Хоккайдои Япония зиндагӣ мекунад.

(2). Санҷоб ҳайвони хоянда ва аз оилаи санҷобҳо мебошад. Санҷоб асосан дар ҷангалзор ва дарахтон зиндагонӣ мекунад. Бадани на ин қадар дароз, вале думи дароз дорад. Чашмонаш сиёҳи васеъ, ранги мӯяш норинҷии баланд ва баъзан дар зимистон хокистарранг мешавад. Санҷобҳо чормағз, фундук, булут, меваҳо ва тухми растаниҳоро мехӯранд. Онҳо дар Осиё, Аврупо, Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ вуҷуд доранд.

(3). Фанак ба рӯбоҳ монандӣ дорад, вале ҳаҷми он хурд аст. Фанакро рӯбоҳи саҳро ҳам меноманд. Бо забони Англисӣ онро "fennec fox" мегӯянд. Фанак асосан дар саҳрои бузурги Африқо ва дар шимоли Африқо зиндагонӣ мекунад. Ҳаҷми он хурд аст, вале гӯшаш бузург аст. Фанакҳо ҷонварони шабкор ҳастанд, ки дар шаб ба шикор мебароянд ва рӯзро дар сӯрохиҳои худ мегузаронанд. Онҳо дастаҷамъона зиндагӣ мекунанд. Ҷуфтҳо дар тамоми замони зиндагии худ бо якдигар мемонанд. Ҳар ҷуфт ё ҳар хонаводае барои худ ҳудуди махсусе доранд. Фанакҳо растанӣ, гӯшт, ҳашарот ва паррандагонро мехӯранд. Онҳо дар Осиё ва шимоли Африқо вуҷуд доранд.

(4). Қоқум ҳайвони хурдест монанд ба санҷоб, ки асосан дар заминҳои киштзор, ҷангалҳо, кӯҳҳои алафдор ва дар минтақаҳои кӯҳӣ зиндагӣ мекунад. Қоқум дар ҳар зимистону тобистон мӯйҳояшро иваз мекунад. Дар фасли тобистон ранги мӯяш қаҳваранг ва дар зимистон сафед мешавад. Қоқумҳо муш, парранда, харгӯш ва ҳашаротро мехӯранд. Онҳо дар шимоли Авруосиё ва Амрикои Шимолӣ зиндагонӣ мекунанд.

(5). Мурғи саққо як оилаи паррандаҳоро гӯянд, ки ба қатори белпойҳо мансубанд. Бо забони Англисӣ онро "pelican" мегӯянд. Мурғи саққо бештар дар кӯлҳои калон ва соҳилҳои баҳр ҳаёт мегузаронад ва хеле хуб парвоз мекунад. Дар замин ё дарахт лона сохта, тухм мегузорад. Дар зери нӯлаш халтаи калони ҳалқум дорад. Болҳояш паҳн ва думаш кӯтоҳ, панҷаҳояш парда доранд. Пару болаш сафед, гулобӣ, хокистарранг, бӯр ва парҳои калонаш сиёҳчатобанд. Мурғи саққо моҳӣ мехӯрад. Мурғи саққо дар ҳамаи қитъаҳо ба ғайр аз Антарктида вуҷуд дорад.

(6). Тавушқон, муши дупо, як навъ ҷонвари мушмонанд аст. Тавушқон асосан дар ҷойҳои хушк ва саҳро зиндагӣ мекунад. Пойҳои ақибаш нисбат ба пойҳои пешаш дарозанд. Зимистон товушқон хоб меравад. Товушқон шабона ё вақти шом хеле фаъол мешавад. Асосан тухм ва решаи растаниҳоро мехӯрад. Онҳо дар шимоли Африқо, Осиё ва Аврупои Шарқӣ зиндагонӣ мекунанд.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб