Панҷшанбе 18 Рамазон 1445 - 28 Март 2024
Тоҷикӣ

Ҳукми оро додани мошинаи арӯсӣ бо гулҳо

Савол

Оё оро додани мошинаи арӯс бо гулҳо дар рӯзи тӯй ҷоиз аст? Бояд қайд кард, ки ин одат дар кишвари мо аз замонҳои қадим анҷом дода мешавад ва он ҳамчун расму оин ба ҳисоб меравад.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Оро додани мошини арӯс дар рӯзи тӯяш бо гулҳо ҳеҷ боке надорад, зеро асос раво будани он мебошад ва он зери чизҳае, ки арӯс, шавҳар ва аҳли оилаи онҳоро шод мегардонад, қарор мегирад, вале набояд дар ин чиз исрофкорӣ кард, зеро Аллоҳ таъоло мефармояд:

وَكُلُوا وَاشْرَبُوا وَلَا تُسْرِفُوا إِنَّهُ لَا يُحِبُّ الْمُسْرِفِينَ

سورة الأعراف: ٣١

«Ва бихӯред ва бинӯшед, вале исроф накунед, бегумон Аллоҳ исрофкоронро дӯст намедорад».   (Сураи Аъроф: 31).

     Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб