Ҷумъа 17 Шаввол 1445 - 26 Апрел 2024
Тоҷикӣ

Дар мавриди шахсе, ки ба қалбу имон аҳамият медиҳаду, ба зинати худ аҳамият намедиҳад ва зан ба ҳиҷоб аҳамият намедиҳад, чӣ фикр доред?

129718

Таърихи нашр : 04-03-2021

Мушоҳидаҳо : 2376

Савол

Дар мавриди мардоне, ки худро зинат медиҳанд, чӣ гуфтан мумкин аст? Агар риши худро кӯтоҳ карда, зинат диҳам, вале онро натарошам (пурра натарошам) ва ният кунам, ки дар оянда (ба наздикӣ) ришамро сар медиҳам, чӣ ҳукм дорад? Баъзе олимон эътиқод доранд, ки ин чизҳо (алалхусус зинат додани худ), мисли ин барои мардон ва барои занон ҳиҷоб бояд ба ҳоли худ гузошта шаванд ва бар он аҳамияти зиёд дода нашавад. Онҳо мегӯянд, ки мардум ба руҳу имон ва ибодатҳои хеш, ба монанди намоз ва суннатҳои паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) аҳамият бидиҳанд. Магар зинат додани хеш ҷузъе аз суннат нест, ки мо бояд ҳар рӯз анҷом бидиҳем ва он ба шахсияти мо вобаста аст. Чизе, ки ман ҷустуҷӯ дорам, он аст, ки маро ба муҳаббати Аллоҳ наздик кунад. Аз Аллоҳ мепурсам, ки ҳамаи моро ба роҳи рост раҳнамоӣ кунад.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Ороиш, либоси зинат ва монанди он боке надорад.

Аллоҳ таъоло фармудааст:

يَا بَنِي آدَمَ قَدْ أَنزَلْنَا عَلَيْكُمْ لِبَاساً يُوَارِي سَوْآتِكُمْ وَرِيشاً   (سورة الأعراف: 26).

«Эй фарзандони Одам! Ҳамоно Мо барои шумо либосе, ки шармгоҳатонро мепӯшонад ва низ либоси зинат (ва зебоӣ)-ро фуруд овардем».   (Сураи Аъроф: 26).

Ҳангоме, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) хислати такаббуриро зикр намуд, фармуд: «Ҳар кас ба андозаи заррае дар қалбаш такаббурӣ дошта бошад, вориди ҷаннат намешавад». Гуфтанд: Эй расулуллоҳ! Оё касе дӯст дорад, ки пойафзолу либоси зебо дошта бошад, ин ҳам такаббурӣ ба ҳисоб меравад? Фармуд: «Аллоҳ зебо аст ва зебоиро дӯст медорад. Такаббурӣ инкор кардани ҳақ ва ҳақир донистани мардум аст».

Инсон бояд намуди зоҳирии зебо дошта бошад, вале мақсади ӯ аз он такаббурӣ, худписандӣ ва ҷалб кардани диққати мардум набошад. Балки бояд ният дошта бошад, ки неъмати Аллоҳ ва атои Ӯро зоҳир кунад.  Чуноне ки ворид шудааст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) мардеро дид, ки либосҳои жандаву кӯҳна дар бар карда буд. Сипас паёмбар аз ӯ пурсид: Оё мол дорӣ? Дар ҷавоб гуфт: Бале. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: «Асари он бояд дар ту дида шавад».

Дар ҳадиси дигар омадааст:

«Ҳар гоҳ Аллоҳ ба бандае неъмате бидиҳад, дӯст медорад, ки асари он бар банда зоҳир шавад».

Аз Ибни Аббос (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) дар тафсири ояти зерин ривоят шудааст:

وَلَهُنَّ مِثْلُ الَّذِي عَلَيْهِنَّ بِالْمَعْرُوفِ    (سورة البقرة: 228).

«Ва барои занон ҳуқуқи шоистае аст, ҳамонанди вазифае, ки бар ӯҳдаи онҳост».   (Сураи Бақара: 228).

(Ибни Аббос дар тафсири ин оят) гуфтааст: "Ман барои ҳамсарам худро зинат медиҳам, чуноне ки дӯст медорам, ки ӯ худро барои ман зинат бидиҳад".

Инсон бояд намуди зоҳирии худ, аз ҷумла либосу мӯяшро зебо намояд ва хушбӯӣ занад, чуноне ки онро аз ҳамсараш мехоҳад. Риш зебогии мардон аст ва бояд ришҳояшонро дароз карда, худро бо он зинат бидиҳанд. Риш зинат аст. Аммо агар касе дар риш халале ворид карда бошад, яъне кӯтоҳ карда бошад, пас бояд тавба кунаду, аз ин амал даст бикашад ва онро дароз кунад. Ҳамаи он яке аз сабабҳои зебоӣ ба ҳисоб меравад. Аллоҳ донотар аст.

Шайх Абдуллоҳ ибни Ҷибрин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод).

Ҳамчунин бояд донист, ки дар ҳақиқат аҳамият додан ба қалб ва ислоҳи он муҳимтар аст. Вале он маъно надорад, ки ба намуди зоҳирӣ бепарво бошем, чуноне ки баъзеҳо гумон мекунанд. Баъзе аз зинатҳо воҷиб мебошанд, ба монанди гузоштани риш барои мардон ва пӯшидани ҳиҷоб барои занон. Зеро агар қалб ислоҳ шавад, бояд асари он бар узвҳои бадани инсон аён шавад, ки дар он узвҳо тоату ибодати Аллоҳ ва дурӣ аз гуноҳон зоҳир мегардад. Аммо қалб солеҳу имон қавӣ бошад, вале асари он бар намуди зоҳирии инсон аён нашавад, ин номумкин аст. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Огоҳ бошед, ки дар бадан гӯштпорае вуҷуд дорад. Ҳар гоҳ он гӯштпора ислоҳ гардад, тамоми бадан ислоҳ хоҳад шуд. Ҳар гоҳ он гӯштпора фосид гардад, тамоми бадан фосид хоҳад шуд. Огоҳ бошед, ки он қалб аст».   Ривояти Бухорӣ (52) ва Муслим (1599).

    Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб