Якшанбе 24 Зулҳиҷҷа 1445 - 30 Июн 2024
Тоҷикӣ

Мустаҳаб будани хондани сурае ғайр аз сураи Қаҳф дар рӯзи ҷумъа собит нашудааст

129502

Таърихи нашр : 01-06-2024

Мушоҳидаҳо : 705

Савол

Оё барои хондани сураи Каҳф, Ёсин, Духон, Раҳмон, Воқиъа ва Мулк дар рӯзи ҷумъа далелҳои саҳеҳе вуҷуд дорад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Дар мавриди мустаҳаб будани тиловати сураи Каҳф дар рӯз ё шаби ҷумъа далелҳои саҳеҳ ворид шудааст. Ин масъала қаблан дар ҷавоби саволи рақами (10700 ) ба тафсил зикр карда шуда буд.

Аммо дар мавриди хондани сураҳои Ёсин, Духон, Раҳмон, Воқиъа ва Мулк далелҳои саҳеҳе наёфтем. Шояд сарчашмаи он баъзе китобҳои азкор бошад, ки баъзе аз нависандагон онро ихтироъ намуда, бар пайравонашон муқаррар кардаанд. Бинобар ин, бояд аз ин гуна китобҳо эҳтиёт кард.

Агарчӣ фазилати сураи (Ёсин) дар байни мардум машҳур аст, аммо дар фазилати он ҳадиси саҳеҳе наёфтем.
Ниг: Ҷавоби саволи рақами (75894).   

Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Сомонаи Ислом савол ва ҷавоб