Ҷумъа 17 Шаввол 1445 - 26 Апрел 2024
Тоҷикӣ

Талаби илм аз ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ муқаддамтар аст

128163

Таърихи нашр : 05-10-2021

Мушоҳидаҳо : 2033

Савол

Дар ин замона кадоме афзалтар аст: Ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ ё талаби илм намудан, ба мардум фоида расонидан ва бартараф сохтани ҷаҳлу нодонӣ аз мардум? Ҳукми ҷиҳоди шахсе, бе изни падару модараш ба ҷиҳод рафтааст, чист?

Матни ҷавоб

"Талаби илм худ ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ аст ва он барои омӯзиши дину илм воҷиб аст. Аммо агар ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ, ҷиҳоди шаръиро дарёфт намояд, дар он иштирок мекунад, агар онро дарёфт намояд, он яке аз беҳтарин амалҳост. Вале бояд инсон таълим бигирад ва динашро омӯзад, чунки талаби илм аз ҷиҳод беҳтар ва муқаддамтар аст. Талаби илм ва омӯзиши дин воҷиб мебошад, аммо ҷиҳод бошад, мустаҳаб ва фарзи кифоя аст, ки агар гурӯҳе онро иҷро кунанд, аз зиммаи дигарон соқит хоҳад шуд. Вале талаби илм барои инсон фарз аст, то динашро омӯзад. Агар Аллоҳ барояш ҷиҳоди исломиро насиб кунад, ҳеҷ боке надорад ва метавонад дар он иштирок кунад, лекин бо иҷозаи падару модар.

Аммо ҷиҳоди воҷибе, ки душманон ба он кишвар ҳуҷум мекунанд. Бар ҳама ҷиҳод воҷиб мегардад, ҳар гоҳ душман ба кишвари мусулмонон ҳуҷум бикунад, бар ҳамаи онҳо воҷиб мешавад, ки ҷиҳод бикунанд, зарари душманро ҳамагон боздоранд, ҳатто бар занон низ воҷиб аст, ки то қадри имкон зарари душманро боздоранд. Аммо ҷиҳоди талаб, яъне ҷиҳоде, ки ба кишвари душман рафта, дар онҷо ҷиҳод кардан, ин бар мардон фарзи кифоя аст".   Поёни сухан.

"Маҷмуъу фатово"-и Ибни Боз (24/74).

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб