Ҷумъа 19 Рамазон 1445 - 29 Март 2024
Тоҷикӣ

Аз рӯи фаромӯшӣ хӯрдану нӯшидан дар рӯзи Рамазон

Савол

Ҳукми касе, ки аз рӯи фаромӯшӣ дар рӯзи Рамазон бихӯрад ва ё бинӯшад, чист?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Ҳеҷ боке надорад ва рӯзааш дуруст мебошад, зеро Аллоҳ таъоло дар охири сураи Бақара фармудааст:

 رَبَّنَا لا تُؤَاخِذْنَا إِنْ نَسِينَا أَوْ أَخْطَأْنَا  

 (سورة البقرة: ٢٨٦).

«Парвардигоро! Агар фаромӯш намудем ё хато кардем, моро бозхост макун».   (Сураи Бақара: 286).

Дар ҳадиси саҳеҳ аз расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) собит шудааст, ки Аллоҳ таъоло фармудааст: «Ба таҳқиқ иҷобат намудам».

Ҳамчунин аз Абуҳурайра (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) собит шудааст, ки мефармояд: «Ҳар рӯзадоре, ки аз рӯи фаромӯшӣ бихӯрад ва ё бинӯшад, рӯзаи худро идома бидиҳад, зеро Аллоҳ ӯро хӯронидаву нӯшонидааст».   Муттафақун алайҳ. (Ривояти Бухорӣ ва Муслим).

Инчунин агар аз рӯи фаромӯшӣ ҳамбистарӣ намояд, рӯзааш тибқи саҳеҳтарин дидгоҳи донишмандон бо далели ояти собиқ ва ин ҳадиси шариф ва сухани зерини паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дуруст мебошад, ки фармудааст: «Касе ки дар моҳи Рамазон аз рӯи фаромӯшӣ ифтор кунад (чизе бихӯрад ва ё бинӯшад), қазо ва каффорае бар ӯ воҷиб нест».   Ҳоким ин ҳадисро ривоят карда, онро саҳеҳ донистааст. Албонӣ ин ҳадисро дар китоби "Саҳиҳу-л-ҷомиъ" (6070) ҳасан шуморидааст.

Лафзи ин ҳадис ҳамбистарӣ ва дигар шиканандаҳои рӯзаро дарбар мегирад, агар рӯзадор онро аз рӯи фаромӯшӣ анҷом бидиҳад. Ин аз раҳмат ва лутфу эҳсони Аллоҳ аст, ки бар ин неъмат Ӯро ҳамду сипос мегӯем.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб