Якшанбе 24 Зулҳиҷҷа 1445 - 30 Июн 2024
Тоҷикӣ

Барои зиёрати қабристон таҳорат шарт нест

121010

Таърихи нашр : 12-05-2024

Мушоҳидаҳо : 286

Савол

Назари шумо оиди касе, ки масҷиди Набавиро ботаҳорат зиёрат намуда, баъд аз он бевузӯ ба сӯи қабристони Бақеъ меравад, чист? Оё ба хотири ин амал чизе бар ӯ воҷиб мегардад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

"Ҳеҷ чизе бар ӯ воҷиб намегардад, зеро барои зиёрати қабристони Бақеъ ва шаҳидони Уҳуд шарт нест, ки зиёраткунанда бовузӯ бошад. Хаминтавр зиёрати тамоми қабрҳо мустаҳаб буда, барои он таҳорат шарт нест, ба хотири умуми сухани паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ки фармудааст:

«Қабристонро зиёрат кунед, чунки охиратро ба шумо ёдрас мекунад».   Муслим ин ҳадисро дар "Саҳиҳ"-и худ ривоят кардааст.

Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст ва дуруду паёми Аллоҳ бар паёмбарамон Муҳаммад ва олу асҳоби ӯ бод". Поёни сухан.

Шайх Абдулазиз ибни Боз .. Шайх Абдурраззоқ Афифӣ .. Шайх Абдуллоҳ ибни Ғадаён .. Шайх Абдуллоҳ ибни Қаъуд.

"Фатово-л-лаҷнати-д-доимати ли-л-ифто" (9/101).

Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб