Шанбе 18 Шаввол 1445 - 27 Апрел 2024
Тоҷикӣ

Кӯтоҳ кардани мӯи зан

1192

Таърихи нашр : 28-10-2023

Мушоҳидаҳо : 408

Савол

Ҳукми кӯтоҳ кардани мӯи зан дар ҳолати зарурат чист? Масалан, дар Бритониё занҳо гумон мекунанд, ки шустани мӯи ғафс дар ҳавои сард барояшон душвор аст, аз ин рӯ мӯйҳои худро кӯтоҳ мекунанд.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Агар воқеият ҳамон тавре бошад, ки (дар савол) зикр шуд, пас дар ин ҳолат, барои онҳо ҷоиз аст, ки мӯйҳои худро ба қадри ҳоҷат кӯтоҳ кунанд, вале кӯтоҳ намудани он ба хотири монандӣ ба занони кофир ҷоиз нест, зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:
«Касе худро ба қавме монанд созад, пас ӯ аз ҷумлаи онҳост».
Фатово-л-лаҷнати-д-доима: 5/182

Ҳамчунин барои онҳо ҷоиз нест, ки мӯйҳояшонро ба он тарзе кӯтоҳ бикунанд, ки он мисли мӯйҳои мардон бишавад, зеро дар ҳадиси Ибни Аббос (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) омадааст, ки ӯ мефармояд: "Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) мардонеро, ки худро ҳамонанди занон қарор медиҳанд ва занонеро, ки худро шабеҳи мардон мекунанд, лаънат намудааст".   Ривояти Бухорӣ (5435).

Аллоҳ таъоло донотар аст.

Сарчашма: Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид