Чоршанбе 15 Шаввол 1445 - 24 Апрел 2024
Тоҷикӣ

Оё муомила намудан бо рибо дар ҷомеаи рибавӣ ҷоиз аст?

Савол

Оё барои мусулмон ҷоиз аст, ки дар ҷомеае, ки бар рибову судхӯрӣ таъсис ёфтааст, бо рибо муомила кунад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Бар асоси умуми далелҳои ҳаром будани рибо, муомила намудан бо он ҷоиз нест, гарчанде ки ҷомеа бар рибову судхӯрӣ таъсис ёфта бошад ҳам.

Бояд ӯ ин амали мункарро ба қадри имкон тағйир бидиҳад, агар натавонад, аз он ҷомеа, ба ҷои дигар, дур аз ин мункар бикӯчад, то он чизе (азоб ва ё мусибате), ки ба онҳо мерасад, ба ӯ нарасад.

Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст ва дуруду паёми Аллоҳ бар паёмбарамон Муҳаммад ва олу асҳоби ӯ бод.

Сарчашма: "Аллаҷнату-д-доимату ли-л-буҳуси-л-илмийяти ва-л-ифто" (13/194)