Ҷумъа 19 Рамазон 1445 - 29 Март 2024
Тоҷикӣ

Оё барои муҳрим нӯшидани қаҳвае, ки дар таркиби он заъфарон вуҷуд дорад, ҷоиз аст?

106565

Таърихи нашр : 23-06-2021

Мушоҳидаҳо : 1216

Савол

Оё барои муҳрим (касе, ки дар эҳром аст) нӯшидани қаҳвае, ки дар таркиби он заъфарон вуҷуд дорад, ҷоиз аст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

"Агар бӯи заъфарон (дар қаҳва) боқӣ монда бошад, барои муҳрим истифодаи он ҷоиз нест, зеро заъфарон яке аз намудҳои хушбӯӣ аст. Аммо агар бӯи он дар натиҷаи пухтан нопадид шуда бошад, пас дар ин ҳолат ҳеҷ боке надорад". Поёни сухан.

"Маҷмӯу фатово"-и Ибни Усаймин (22/160).

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб