Ҷумъа 19 Рамазон 1445 - 29 Март 2024
Тоҷикӣ

Намоз дар рӯбарӯи оина

10558

Таърихи нашр : 14-01-2023

Мушоҳидаҳо : 1366

Савол

Ҳукми адо намудани намоз дар хонае ки оинаҳо дорад, чист?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Агар касе дар муқобили оина намоз бихонад, намозаш дуруст аст, агарчи дар рӯбарӯи он бошаду худро дар он бубинад. Аммо ӯ бояд чашмонашро паст карда, онро идора намояд (ва ба оина нигоҳ накунад). Илова бар ин, шоиста аст, ки аз он ва аз ҳар чизе, ки намозгузорро машғул месозад ва дар намозаш ӯро парешон мекунад, дурӣ ҷӯяд.

Сарчашма: "Аллуълуъу-л-макину мин фатово Ашшайх Ибни Ҷибрин" саҳ: 32