Панҷшанбе 16 Шаввол 1445 - 25 Апрел 2024
Тоҷикӣ

Оё Қосим ном гузоштан ҷоиз аст?

10030

Таърихи нашр : 11-08-2020

Мушоҳидаҳо : 1053

Савол

Ба содагӣ мехоҳам бидонам, ки оё кӯдакро "Қосим" ё "Ал-Қосим" ном гузоштан ҷоиз аст? Ман ҳадисеро хондаам, ки гузоштани ин номро ҳаром кардааст. Вале дар айни замон, дар ҷое дидаам, ки донишмандони гузашта кунияи "Абулқосим"-ро истифода бурдаанд. Лутфан ба ин масъала равшанӣ андозед. Ман умед дорам, ки баъди чанд моҳе кӯдакеро таваллуд менамоям, агар Аллоҳ бихоҳад.        

Аллоҳ бароятон подоши некӯ диҳад.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Гузоштани номи Қосим, Муҳаммад ва кунияи Абулқосим ё Абуисо ва дигар номҳову кунияҳои мубоҳ баъди вафоти паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ҷоиз ва дар он ҳеҷ боке нест. Манъе, ки дар мавриди ҷамъ намудани ному кунияи паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) омадааст, ин дар ҳаёти паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) мебошад. Сабаби ворид шудани наҳй, бар маҳдудияти он ба ҳаёти паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) далолат мекунад. Аз ин рӯ мебинӣ, ки донишмандон дар замони қадим ва дар айни ҳол ба худ номи Муҳаммад ва кунияи Абулқосим ниҳодаанд ва касе ин амалашонро инкор накардааст.

Ҷавоби шайх Абдулкарим Ал-Хузайр ба охир расид.

Шайх Бакр Абузайд дар китоби "Мӯъҷаму-л-маноҳи-л-лафзия"-и худ фармудааст:

Аз Ҷобир (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят аст, ки гуфт: Марде аз мо соҳиби фарзанде (писаре) шуд ва ӯро Қосим ном гузошт. Ба ӯ гуфтем: Кунияи туро Абулқосим намегузорем ва бо ин туро шод намегардонем. Инро ба паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) хабар дод. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Номи писаратро Абдурраҳмон гузор".   Бухорӣ ин ҳадисро дар "Саҳиҳ"-и худ ривоят кардааст.

Сарчашма: "Мӯъҷаму-л-маноҳи-л-лафзия"-и шайх Бакр Абузайд. Саҳ: 433