Support IslamQA

Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.

Оё такрори умра дар як сол ҷоиз аст?

28-04-2024

Савол 109321

Такрори умра дар як сол чӣ ҳукм дорад? (Яъне дар як сол зиёда аз як маротиба умра кардан ҷоиз аст?)

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

"Дидгоҳи дуруст ин аст, ки дар як сол зиёда аз як маротиба умра кардан ҷоиз аст, зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд:

«Умра то умраи дигар каффораи гуноҳонест, ки байни он ду содир мешаванд. Ҳаҷҷи мабрур ҷуз биҳишт дигар подоше надорад».   Муттафақун алайҳ. (Ривояти Бухорӣ 1773 ва Муслим 1349).

Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст ва дуруду паёми Аллоҳ бар паёмбарамон Муҳаммад ва олу асҳоби ӯ бод". Поёни сухан.

Кумитаи доимӣ оид ба таҳқиқоти илмӣ ва фатводиҳӣ.

Шайх Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз , Шайх Абдурраззоқ Афифӣ , Шайх Абдуллоҳ ибни Ғадаён , Шайх Абдуллоҳ ибни Қаъуд.

"Фатово-л-лаҷнати-д-доима" (11/334).

Ҳаҷҷу умра
Намоиш дар сомонаи Ислом савол ва ҷавоб