Support IslamQA

Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.

Пардохти пули закоти Фитр ба созмони хайриявӣ дар оғози моҳи Рамазон

05-04-2024

Савол 10526

Оё барои созмони хайриявӣ ҷоиз аст, ки дар оғози моҳи Рамазон пулҳои закоти Фитрро бигирад, то ба қадри имкон аз он истифода барад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Агар дар он кишвар камбағалон набошанд ва ё онҳое, ки закоти Фитрро мегиранд, ба он эҳтиёҷ надоранд ва ё онро намехӯранд, вале онро бо ними қиматаш мефурӯшанд ва пайдо кардани камбағалони ниёзманде, ки онро бихӯранд, душвор бошад, пас дар ин ҳолат, ба беруни кишвар баровардани он ҷоиз аст.

Ҳамчунин пардохти пули закоти Фитр дар оғози моҳи Рамазон ба вакиле, ки бо он пул садақаи Фитр харида, дар вақти пардохт, яъне шаби ид ё ду рӯз пеш аз ид, онро ба мустаҳиққонаш мерасонад, ҷоиз аст. 

 Аллоҳ донотар аст.

Закоти фитр
Намоиш дар сомонаи Ислом савол ва ҷавоб