Чоршанбе 14 Рабиъу-л-аввал 1443 - 20 Октябр 2021
Тоҷикӣ

Хӯрдан аз хӯроке, ки барои Ошуро омода карда шудааст

Савол

Оё хӯрдани хӯроке, ки шиаҳо дар Ошуро мепазанд, ҷоиз аст? Онҳо мегӯянд, ки ин хӯрок ба хотири Аллоҳ омода карда мешавад, аммо савоби хӯрок ба Ҳусайн (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) мебошад. Агар ман он хӯрокро нагирам ва ё қабул накунам, маро ба шармандагӣ ва ё ба хатар дучор мекунад, чунки ман дар Ироқ ҳастам ва шумо медонед, ки онҳо (дар ин ҷо) бо аҳли суннат ва ҷамоат чӣ гуна муносибат мекунанд.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Он амалҳое ки шиаҳо дар Ошуро анҷом медиҳанд, аз қабили латм (панҷа бар рӯи худ задан), худзанӣ, сарбурӣ, хунрезӣ ва хӯрокпазӣ ин ҳама аз бидъатҳои нав эҷодшудаи мункар аст, чуноне ки дар ҷавоби рақами (4033 ) ва (9438 ) баён карда шуд. Иштирок намудан дар он ва ё кӯмак кардан ба онҳо ҷоиз нест, зеро ин аз ҷумлаи кӯмак дар гуноҳу таҷовуз ҳисобида мешавад.

Хӯрдан аз хӯроке, ки барои бидъату гумроҳии худ омода кардаанд, ҷоиз нест.

Шайх Ибни Боз (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст: "Ин як мункари зишт ва бидъати инкоршуда аст, ки бояд тарк карда шавад ва иштирок кардан дар он ҷоиз нест ва инчунин хӯрдан аз хӯроке, ки дар ин маросим тақдим карда мешавад, ҷоиз нест".

Ҳамчунин гуфтааст: Иштирок кардан дар он ва хӯрдан аз ин қурбониҳо ва нӯшидани ин нӯшокиҳо ҷоиз нест. Агар ҳайвонотро барои ғайри Аллоҳ, барои аҳли байт ва ё дигарон забҳ карда бошанд, ин амал ширки акбар (бузург) аст, зеро Аллоҳ таъоло мефармояд:

 قُلْ إِنَّ صَلاَتِي وَنُسُكِي وَمَحْيَايَ وَمَمَاتِي لِلّهِ رَبِّ الْعَالَمِينَ ❁ لاَ شَرِيكَ لَهُ وَبِذَلِكَ أُمِرْتُ وَأَنَاْ أَوَّلُ الْمُسْلِمِينَ    (سورة الأنعام: ١٦٢ – ١٦٣).

«Бигӯ (эй паёмбар): "Намози ман ва қурбонии ман ва зиндагии ман ва марги ман барои Аллоҳ, Парвардигори ҷаҳониён аст, ки шарике барои Ӯ нест ва ба ин (яктопарастӣ) амр шудаам ва ман нахустин мусулмононам"».   (Сураи Анъом: 162 – 163).

Инчунин мефармояд:

 إِنَّا أَعْطَيْنَاكَ الْكَوْثَرَ ❁ فَصَلِّ لِرَبِّكَ وَانْحَرْ سورة الكوثر: ١ – ٢ 

«(Эй Паёмбар) Ба ростӣ, Мо Кавсарро ба ту ато кардем. Пас, барои Парвардигорат намоз бихон ва қурбонӣ бикун».   (Сураи Кавсар: 1 - 2).

Поёни сухан аз "Фатово"-и Шайх Абдулазиз ибни Боз (8/320).

Аммо агар қабул накардани хӯроки онҳо бароятон хатаре эҷод кунад, ҳеҷ ишколе надорад, ки ба хотири дур намудани зарар онро бигиред.

     Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб